Суғд: Сайди моҳӣ муваққатан манъ аст

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  хабар додааст, ки аз 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар давраи тухмгузории моҳиҳо хама гуна сайди моҳӣ манъ карда шудааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Ин тадбир бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷараёни афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳӣ роҳандозӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», ва банди «а» моддаи 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои дорои аҳамияти моҳидории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин марҳила сайди моҳӣ манъ аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE