Ҷаласаи Шӯрои доимии СААД таҳти раёсати Намояндаи доимии Тоҷикистон баргузор шуд
Таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Султонов 19 апрел ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо иштироки Дабири кулли СААД Станислав Зас дар шакли конфронси видеоӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии СААД.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷаласаҳои қарибулвуқӯи мақомоти оинномавии Созмон дар моҳҳои апрел-май Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви СААД оид ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 баррасӣ ва мувофиқа карда шуд.
Инчунин лоиҳаи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба иқдомоти муштараки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви СААД дар мавриди тезонидани корҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дахл дорад, мувофиқа карда шуд.
Шӯрои доимӣ тасмим гирифт, ки асноди мазкур бо тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба ҷаласаҳои ояндаи мақомоти оинномавии СААД ирсол карда шаванд.
Ҳамчунон якчанд изҳорот ва асноди муҳими сиёсӣ баррасӣ шуданд, ки кор болои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯрои доимии СААД идома хоҳад ёфт.