Ҳисор: аксари гирандагони Стипендияи Президентӣ духтаронанд

Ҷавонони шаҳри Ҳисор имрӯз дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва рушду пешрафти натанҳо минтақа, балки саросари мамлакат саҳми муассир мегузоранд. Зеро ин қишр бо донишу маърифат, таҷрибаи баланди касбӣ ва ихтисосҳои гуногун, дар шаҳру навоҳии мамлакат пайи хидмати содиқонаву софдилона ба мардум, машғули коранд.

Шумораи ҷавонони шаҳри Ҳисор мувофиқи маълумоти оморӣ ба 124 ҳазор нафар мерасад, ки аз ин ҳисоб 63 ҳазор нафарашонро ҷавондухтарон ва 61 ҳазори дигарро ҷавонписарон ташкил медиҳад. Бештари ҷавонони ин минтақа таҳсилдидаи донишкадаву донишгоҳҳои дохилу хориҷанд.

Шуҳрат Аминов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, мег=яд, ҷавонони имрӯзи шаҳр нисбат ба афроди ҷавони 5-10 сол қабл билкул тафовуткунанда мебошанд. “Дар замири ҳар як ҷавон имрӯз андешаи фаросатзо, донишу таҷрибаи баланд ва маърифати воло ниҳон аст.  Маҳз ин бартариҳои ҷавонон буда, ки эшонро дар ҷомеа соҳибмақом гардонидааст”, – гуфт ӯ.

Ба иттили ӯ, самти афзалиятноку бартариятдошта дар ҳаёти ҷавонони шаҳр машғул гардидан ба варзиш ва интихоби рӯзгори солим будааст. Мувофиқи нақшаи масъулин, барои ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш то охири сол ҳар ҳудуди шаҳр 40 майдонча ва 14 толори варзишӣ бояд сохта шавад. Аз миёни ин шумора то ба ҳол 21 иншооти тарҳрезишуда сохтаю мавриди истифода қарор гирифтааст ва ҳамарӯза шумораи зиёди сокинон ҳатто шабона пайи машғулиятҳои варзишӣ мегарданд.

“Таваҷҷӯҳ ба рӯзгори ҷавондухтарон аз назари роҳбарияти мақомот дур набуда, дар робита ба ин як қатор иқдому ташаббусҳои алоҳида роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла дар ҳудуди шаҳр толори махсуси бонувон фаъолият менамояд, ки ҷавондухтарон дар он ҷо ба навъҳои гуногуни варзиш фаро гирифта мешаванд. Инчунин дар шӯъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷавондухтарони қобилиятманд ва соҳибихтисос фаъолият намуда истодаанд. Аксари гирандагони Стипендияи Президенти мамлакат ва шаҳрдори Ҳисорро гулдухтарон ташкил медиҳанд”, – мегӯяд Шуҳрат Аминов, мудири бахши ҷавонони шаҳр

Маврид ба зикр аст, ки ҷавонони ҳудуди шаҳр тасмим гирифтаанд то бо амалҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ саҳми муассир гузоранд. Бовар аст, ин қишри ояндасози ҷомеа, минбаъд низ мушкиливу норасоиҳои ҳаёти худро сарбаландона ҳаллу фасл намуда, муҷаддадан пайи гулгулшукуфии меҳани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо мегарданд.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE