Душанбе: муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
21 апрел дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин баргузор шуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо инчунин пиромуни раванди тадорукот ба иҷлосияи ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки қарор аст дар Душанбе сентябри соли равон ба муносибати 20-солагии Созмон баргузор шавад, мубодилаи афкор намуданд.