Аҳмадзода ба Ӯзбекистон рафт

Имрӯз ҳайати расмии вилояти Суғд  бо раҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ҷиҳати иштирок дар бизнес-форуми «Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст» ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон рафт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар ин сафар роҳбари вилоятро раисони ноҳияҳои  наздисарҳадӣ ва масъулини соҳаҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Фарғона муовини якуми ҳокими Фарғона Аваз Ӯринбоев, раиси шаҳри Фарғона  Мирзоҳид Убайдуллоев ва дигар мутасаддиён истиқбол гирифтанд.

Ҳайати вилояти Суғд дар бизнес-форуми минтақавӣ ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба рушди минтақаҳои наздисарҳадиро якҷо бо ҳайатҳои расмии вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ менамоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE