Иғво ва маккории навбатӣ

Гурӯҳҳои ифротгаро ва иғвогар ҳамеша аз соддагиву дилсофӣ ва зудбоварии мардуми одӣ ва гумроҳу худбохтагон сӯистифода мекунанд. Онҳо бо роҳҳои гуногун мардумро ба доми худ афтонда аз ҳисоби онҳо сарват ҷамъ мекунанд. Аммо дер ё зуд мерасад вақте ки ин макри онҳо барои мардум ошкор мегардад.

Гурӯҳакони ифротии наҳзатӣ низ айнан ҳамин пайроҳаро интихоб кардаанд. Дар ин шабу рӯз мехоҳанд хотираи мардумро пок созанд, то ҳама ҷиноятҳои дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кардаи онҳо ба доми фаромушӣ равад. Онҳо барои иҷрои ин ҳадафи худ чандин сомонаи интернетӣ кушодаанд, ки ҳамарӯза дар он дурӯғу туҳматҳои зиёдро чоп карда, ба намояндагони халқ ва ҳокимияти олии кишвар буҳтон мезананду худро “мусичаи бегуноҳ” тасвир мекунанд.

Дар доираи ҳамин ҳадафи маккоронаи худ, ахиран саркардаи ҷинояткорони наҳзатӣ дар як ҳамоиши маҷозӣ бо мубаллиғони дигари ақоиди ифротӣ аз кишвари ба мо маълум иштирок карда, ҳамон назарҳои дуруғи маккоронаи худро бори дигар изҳор доштааст. Ин маккори касбӣ дар давоми суханронии худ аз худу ҳамсангарони ҷинояткори худ бегуноҳу қурбонӣ тарошида, намояндагони халқи моро ба гуноҳҳои мавҷуднабуда мутаҳҳам донистааст.

Дар охири суханронии худ саркардаи ифротиёни наҳзатӣ бешармона иддао дорад, ки мардуми тоҷик ба онҳо тамос мегирад ва хостори баргаштанашон аст. Ин иддаои пучи саркардаи наҳзатӣ далели он аст, ки ин гуруҳ дигар дар кишварҳои аврупоӣ низ ҳеҷ ҷойгоҳе надорад ва умеду орзуи онҳо баргаштан ба кишвари мо аст. Аммо баргаштану бо меҳнати ҳалол зистан кори ин гуруҳ нест. Ин аст, ки даъвоҳои баланд мекунанд ва бо рӯйпуш кардани ҷиноёти худ мехоҳанд бори дигар моро фиреб дода, ба қудрат расанд ва бародарону хоҳарони моро дар роҳи аҳдофи шумашон қурбон кунанд. Вале мардуми огоҳи тоҷик ҳаргиз намегузорад, ки ин орзуи бади наҳзатӣ иҷро шавад.

Мирсаиди ХАЙРУЛЛО,

муҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE