Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Дар ин зимн, Сарвари давлати мо ба масъалаҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорат, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва тандурустӣ, бахусус дар арсаи мубориза бо пандемияи КОВИД-19 диққати махсус доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин, ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва содироти маҳсулоти мевагию сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозори Россия ибрози ақида намуданд.

Инчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар рафти суҳбати телефонӣ ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла, мавзӯи қазияи Афғонистон ва ҷараёни рушди вазъият дар минтақа муҳокима карда шуд.

Президенти ду кишвар зарурати андешидани чораҳои минбаъдаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани имкониятҳои васеи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия бо шумули ҳамоҳанг сохтани иқдомҳои ду ҷониб дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории зич дар омода ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷоми суҳбат Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сокинони Тоҷикистонро бо моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба мардуми кишвари мо некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE