Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Ориён Ҷей Текстайл» шинос шуданд ва барои бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузоштанд

9 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Ҷей Текстайл” шинос шуда, барои бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузоштанд.

Корхонаи дӯзандагии “Ориён Ҷей Текстайл” дар масоҳати 8 ҳазору 906 метри мураббаъ бо харҷи 1 миллион доллари амрикоӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардида, яке аз калонтарин корхонаҳои саноати дӯзандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввал зиёда аз 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Дар сохтмони корхона аз маҳсулоти хушсифати ватанию хориҷӣ истифода шудааст.

Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла шиму костюм, шимҳои ҷинс, либосҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти дӯзандагӣ бо тарҳу услуби муосир ба роҳ монда шудааст.

Корхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири саноати дӯзандагӣ, аз ҷумла мошинаҳои дарздузӣ, гулзанӣ, техникаи буранда, технологияҳои компютерӣ, таҷҳизоти дарзмол муҷаҳҳаз гардидааст.

Бо истифода аз чунин таҷҳизоти замонавӣ истеҳсоли маҳсулоти баландсифат кафолат дода мешавад. Ин аст, ки маҳсулоти корхона харидорони зиёд дорад ва бо якчанд ширкатҳои хориҷӣ ҳамкории доимӣ менамояд.

Зимни муаррифии маҳсулоти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар корхона 500 мутахассиси маҳаллӣ фаъолият намуда, бо маоши аз 1500 сомонӣ боло, нақлиёти махсуси хизматрасонӣ ва як вақт хӯрок таъмин мебошанд.

Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми ин корхонаро оғоз бахшиданд.

Марҳилаи дуюми корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея дар масоҳати 8 906 метри мураббаъ бо харҷи 5 миллион доллари амрикоӣ дар назар аст, бунёд карда шавад. Дар корҳои сохтмонӣ 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Пас аз анҷоми марҳилаи дуюми корхона барои боз 350 сокини маҳалӣ ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Марҳилаи дуюми корхона ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи наҷиб тадбирҳои муҳимму саривақтӣ андешида ва ташаббусҳои созанда рӯйи даст гирифта мешаванд.

Бунёди корхонаҳои саноатӣ, ғанӣ гардонидани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо маоши хуб таъмин намудани аҳолӣ аз зумраи ҳамин табдирҳои судманд маҳсуб мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE