Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Шаби 29 апрели соли 2021 мулоқоти кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадии Суғд ва Бодканд қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд, инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.
Бино бар ин, қарор қабул гардид, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти дахлдори ҷонибҳо гурӯҳи корӣ ҷиҳати назорати иҷрои созишҳои ҳосилшуда ва андешидани тадбирҳои фаврӣ барои паст кардани шиддати вазъ дар хатти сарҳади давлатӣ таъсис дода шавад.