Исфара: Аҳмадзода ба сокинони зарардида сару либос ва лавозимоти сохтмонӣ дод

8 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо ҷараёни корҳои бунёду барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён шинос гардида,  ба сокинон маҷмӯи сару либос ва пойафзолу дигар лавозимоти заруриро супорида,  барои дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани сохтимони биноҳои истиқоматӣ супоришҳо дод. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре ки маълум аст, бар асари даргириҳои охири моҳи апрел чанде аз хонаҳои сокинон хароб гардида, як қисми дигар осеб дида буд. Бо дастуру Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои харобшудаву осебдида давоми як моҳ пурра бунёду барқарор карда мешавад.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.Мардуми шаҳру деҳоти Исфара якдилона ба ҳашар баромада, маҳалли бунёди хонаҳоро тоза намуда истодаанд.

  

Илова бар ин аз тарафи соҳибкорони шаҳри Исфара ба оилаҳои зарардида мунтазам ёриҳои моддӣ дастрас гардида истодааст.

Соҳибкорони дигар минтақаҳо низ дасти ёрии худро дароз карда, ба сокинон кӯмак мерасонанд,  ки ин амали онҳо гувоҳи ҳамдиливу ҳамбастагӣ мебошад.  Аз ҷумла, то ин лаҳзаҳо аз номи соҳибкорони шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом кӯмакҳои моддӣ дастраси сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён гардонида шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE