Мӯъминобод: Театри мазҳака-мусиқии ба номи С.Вализодаи дар ноҳия консерт доир намуд

Имрӯз дар деҳаи Якачинори Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод тибқи нақшаи дуҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур  ва Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб  барномаи маърифатию фарҳангӣ доир гардид.

Тавре ки мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод  Бахтовари Диловар иттилоъ дод, гурӯҳи таблиғотӣ ва фарҳангӣ нахуст бо сокинони деҳоти мазкур  ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва  таҷлили сазовори ҷашни  миллӣ-30-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор намуд.

Аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод зимни суханрониҳо, аз ҷумла таъкид  карданд, ки  соли  равон  барои мардуми Тоҷикистон соли одӣ не, соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст.

“Ҳар яки мо  вазифадорем, ки дар  иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои тибқи нақша пешбинишуда саҳм гузошта, корро аз ободу зебо ва сабзкори кардани  манзили хеш оғоз намоем”, -иброз  дошт Бахтовари Диловар.

Пас аз вохӯрӣ қисмати фарҳангии барнома оғоз гардида, санъаткорони Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ вализодаи шаҳри Кӯлоб  бо барномаи  рангин хотири ҳозиринро шод гардониданд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE