Сироятёбии беш аз 559 ҳазор нафар ба коронавирус дар як шабонарӯз

Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 559 ҳазор афзоиш ёфта, аз 169,09 миллион гузашт. Дар ин бора имрӯз маълумотномаи СУТ нашр шуд.

Ба ҳолати соати 10:30 (ба вақти Душанбе)-и 27 май, ба СУТ дар бораи 169 094 393 сироятшуда ва 3 512 509 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 559 688 нафар ва фавтидагон 12 342 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 33 971 207. Баъд аз он Ҳиндустон (27 369 093), Бразилия (16 275 440), Франcия (5 621 696), Туркия (5 212 123), Россия (5 026 168), Британияи Кабир (4 470 297), Италия (4 201 827), Германия (3 667 041), Испания (3 657 886), Аргентина (3 622 135) ва Колумбия (3 294 101) қарор доранд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE