КӢ КИРО? ОЁ ЗӮРИ ҶАББОРОВ БА ТАШИЕВ МЕРАСАД?

Масъалаҳои ахири марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар 1- 2 соли охир пайдо нашудаанд, балки таърихи бештаре доранд. Такрори ҳамаи онро ин ҷо ҷоиз намедонем. Фақат як таҳлили мухтасар кофист то хулоса барорем, ки чаро ин масъала дар вақтҳои охир тезу пуршиддат гардид. Маълум аст, ки Осиёи Марказӣ аз минтақаҳоест, ки ин ҷо манфиатҳои геополитикии хеле аз кишварҳо, бахусус абарқудратҳо, бархӯрд мекунанд. Ва табиист, ки ҳангоми рӯй задани манфиатҳо арзишҳои ахлоқиву инсонӣ ба ҷойи дуюму сеюм мегузаранд. Дар мисоли муносибати роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳалли масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамин падида ба мушоҳида мерасад. Ба ҷойи баррасии мушкилоти мардум, ташаккули давлатдорӣ ва амнияту суботи кишварашон роҳбарияти нави кишвари ҳамсоя ба хотири манфиатҳои сиёсиву молиявии худ тақдиру ҳаёти мардумро таваккал кардаву ба бозӣ мекашанд.
Тавре маълум аст, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистон аз давлатҳои устувору ташаккулёфтаи минтақа буда, дар баррасии мушкилоти ҷомеаи башарӣ саҳми муносибе доранд. Бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, экстремизму терроризм, ифротгароии диниву мазҳабӣ нақши муҳим дошта, барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа, дастовардҳои инсоният, захираҳои табиӣ ва дастрасии мардуми сайёра ба оби ошомиданӣ ҳамеша талош дорад. Ва хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳамаро дарк мекунад.
Аммо, мутаассифона, дар нисбати кишвари ҳамсояи Қирғизистон наметавон чунин гуфт. Бояд иқрор шуд, ки дар кишвари ҳамсоя ҳанӯз давлату ҳукумат ба таври бояд ташаккул наёфтаанд, сохторҳои давлатӣ ба таври лозим фаъолият надоранд, ҳанӯз ҳам муносибатҳои қавмию маҳаллӣ нақши калидӣ доранд. Даҳаи сеюми асри 21 асту сарнавишти давлату давлатдории Қирғизистон тавассути «демократияи кӯчагӣ», митингбозиву шиорҳои шуҳратхоҳонаву популистӣ ба бозӣ кашида мешавад. Ба ёд орем, сарнавишти роҳбарони пештараи Ҷумҳурии Қирғизистон чӣ гуна ҷараён гирифтааст. Аз президентҳои собиқи Қирғизистон 3 нафар фирориву 1 нафар ҳабс шудаанд. Магар дар давлати ташаккулёфта ба сарнавишти роҳбари собиқи олии кишвар чунин муносибат мекунанд? Ин нишони он аст, ки бародарони қирғизи мо ҳанӯз аз асли худ (кӯчманчигӣ) чандон дур нарафтаанд, ба ҷомеаи мутамаддини муосир напайвастаанд. Агар Қирғизистон чун давлат ташаккул меёфт, роҳбаронаш худро соҳибдавлат меҳисобиданд, талош мекарданд, ки рукнҳои давлатдориро таҳким бахшанд, ба мушкилоти мардумашон расидагӣ кунад. Аммо чунин намекунанд. Чаро? Зеро роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон бо роҳи қонунӣ ба сари қудрат наомадааст. Балки дар натиҷаи талошу амалҳои гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳам президент Содир Ҷабборов ва ҳам раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз кунҷи зиндон рост ба курсии роҳбарӣ омадаанд. Агар ҷумҳурии ҳамсоя қонунмеҳвар мебуд, нафари бо талаби митингчиён ба озодибаромадаро роҳбар мемонданд? Бало ба пасашон, кори худашон. Аммо Содир Ҷабборов ҳаммаслаки худ Қамчибек Ташиев ба роҳбарияти КДАМ овард, то изи ҷиноятҳояшонро тоза кунад. Ин 2 нафар вақте сари ҳокимият омаданд, иқтисоди Қирғизистон ба ҳадди имрӯза варшикаста набуд. Аммо манфиатҷӯйии молиявию шахсии ин ду нафар боис гардид, ки мардуми қирғиз бори дигар хатои худро дар интихоби роҳбарият дарк созад. Яъне ин нафарон ба ҷойи расидагӣ ба мушкилоти мардум паси манфиатҳои худ шуданд. Ва масъалаи марзро баровардан (ҳатто пешакӣ бо шиорҳои таҳрикдиҳанда баровардани асрори гуфтушунид оид ба марзбандиро аксар коршиносони хориҷӣ ба бемасъулиятӣ ва риоя накардани одоби дипломатия аз ҷониби Қ. Ташиев рабт доданд. – С. Г.) ба хотири гурез аз воқеият ва мушкилоти дохилӣ буд. Қамчибек Ташиев ҳассосияти масъаларо ба назар гирифта бо як тир ду нишон заданӣ шуд. Якум он, ки Қамчибек Ташиев дар ботин як ҳасаде ба ҳаммаслакаш Содир Ҷабборов дошт: «- Чаро ман неву вай президент шуд? Содир Ҷабборов аз ман донотару ботаҷрибатар набуд-ку?» Ва бо шиорҳои популистиву таҳрикдиҳанда (дар пасманзари шиору амалҳои Қамчибек Ташиев беобрӯ кардани Содир Ҷабборов баръало маълум аст. – С. Г.) ба эҳсоси мардум бозиро оғоз кард. Дуюм, баъди беобрӯ кардани президент Содир Ҷабборов, боз як митингу Қамчибек Ташиев президент.
Содир Ҷабборов ҳамаи инро медонад, аммо гаравгони амалҳои Камчибек Ташиев аст. Вагарна ҳамон норизоӣ, талабу митинги кормандону собиқадорони мақомоти амнияти кишвараш дар бораи ба роҳбарии ин ниҳод овардани ҷиноятпешае чун Камчибек Ташиев кофӣ буд, ӯро ба истеъфо фиристад. Содир Ҷабборов медонад, ки Камчибек Ташиев дар баробари ин ҳама ҷиноятҳояш, аз минтақаи ҷануби Қирғизистон (вилоятҳои Бодканд, Ӯш ва Ҷалолобод) намояндагӣ мекунаду дар ҳар лаҳза метавонад мардуми ин минтақаро ба майдонҳои Бишкек бикашад. Ва ин ҷо нақши калидӣ доштани тезиси дар боло овардаи мо – муносибатҳои қавмию маҳаллӣ дар сарнавишти қирғизҳо собит мегардад. Бубинед, ҳар куҷое дар Қирғизистон ноором мешавад, аввал Ташиев мераваду вазъиятро муташанниҷтар мегардонад. Ин ҳама ба хотири чист? Беобрӯ кардани Содир Ҷабборов. Ба садама дучор шудани автомашинае аз кортежи президент магар тасодуф аст? Не, ин ҳама қисмате аз нақшаҳои Камчибек Ташиев аст…
Коршиносон пешгӯйӣ мекунанд, ки умри ҳукумати Содир Ҷабборов чандон тӯлонӣ, ҳатто то миёнаи фасли тирамоҳ намекашад. Тақдири ӯ ҳам чун пешгузаштагонаш тавассути майдонҳо ҳал мешавад. Ба ин пеш аз ҳама Камчибек Ташиев манфиатдор аст. Ба ҳар ҳол, мунтазир мешавем. Вақт нишон медиҳад.
Мудири кафедраи телевизион ва
радиошунавонии
факултети журналисткаи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Сангин Гулов

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE