Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқот намуданд
Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Бобожонов Пулат Раззаковичро, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Нахуст, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Бобожонов Пулат Раззаковичро хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мақомот манфиатбахш мебошад.
Зикр гардид, ки тарафҳо бояд ҳамкориҳоро тақвият бахшида, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди қайд аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолона рушду густариш ёфта, ҳарду давлат дар фаъолияти ИДМ ва СҲШ нақши калидӣ дошта, дар таъмини амният ва суботи Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузоранд.