Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Тери Ҳакала

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ  Тери Ҳакала мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои онҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, муҳити зист ва гуманитарӣ баррасӣ гардида, фазои мавҷудаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум омили асосии пешрафти ҳамгироии дуҷониба дониста шуд.

Тақвияти нақши Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи неки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба муҳити зист дар сайёра низ баррасӣ шуда, нақши пешбарии Тоҷикистон ва мувофиқаҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бадастомада дар ин самт калидӣ унвон гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE