Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат ба фаъолияти ин коргоҳи истеҳсолӣ, ки аз тарафи соҳибкор Илҳом Рабиев бунёд гардидааст, оғоз бахшида, кори иншоотро дар шароити имрӯзаи бозори истеъмолӣ судовар маънидод карданд.

Коргоҳи коркард ва истеҳсоли  равған бо маблағи 21,1  миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои воридори технологияи истеҳсолӣ 14,5 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Корхонаи мазкур дар пайгирӣ аз сиёсати бунёдкории роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сохта шуда, нишонаи татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар дониста мешавад.          Иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва офтобпарастро ташкил медиҳад. Корхонаи равғанбарорӣ ягона сехи инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин ҷо истеҳсоли равғани покгардонидашуда дар чанд марҳила, ба монанди  раванди безараргардонӣ, сафедкунӣ, сарднамоӣ ва банду баст намудани онҳо ба роҳ монда шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор дастур доданд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда тариқи ташхиси ҷиддии озмоишгоҳӣ ва дигар равандҳои ҳатмии истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад.

Тазаккур дода шуд, ки оғози истеҳсолот, аз покгардонии равған сурат мегирад, ки он дар навбати худ, аз 4 марҳила иборат аст.

Дар корхонаи нав 100 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин карда шуданд. Аксарияти коргарон аз марҳилаҳои омӯзишӣ гузашта, дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкор Илҳом Рабиевро, ки тавассути ҳисси баланди меҳандӯстӣ тавонист дар ду корхонаи нави саноатӣ 300 ҷойи нави корӣ ташкил намояд, намунаи ибрат хонданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE