Боздиди Пешвои миллат аз ҶСК «Маърифатпарвар»-и шаҳри Панҷакент

12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маърифатпарвар»-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Корхонаи «Маърифатпарвар» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат Парки технологӣ таъсис додааст, ки он дорои имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли номгӯйи зиёди маҳсулот ва омӯзиши технологияи инноватсионӣ мебошад. Роҳбарияти муассиса дастгоҳи мевахушккунии муосир харидорӣ карда, коргоҳи меваи хушк ва сардхонаро фаъол гардонидаанд.

Таҷҳизоти мазкур имкони дар як шабонарӯз хушк намудани то се тонна меваҷоту сабзавоти тару тозаро доро буда, тавассути он технологияи хушксозии пиёз, сабзӣ, қаламфури булғорӣ, картошка ва ғайра таҷриба карда мешавад, ки дар оянда содироти онҳо ба кишварҳои хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Хати технологӣ таҷдид шуда, тавассути ангишт фаъолият мекунад. Дар Парки технологӣ кормандони доимиву мавсимӣ фаъолият дошта, бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона ташаббуси мазкурро ибратбахш арзёбӣ карда, дастур доданд, ки ин таҷриба дар дигар муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии мамлакат тавсиа дода шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки Парки технологӣ фарогирии дувоздаҳ бахшро пешбинӣ карда, дар нақша аст, ки бахши сайёҳӣ, шуъбаи табъу нашр, сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, маркази курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, шуъбаи хӯрокҳои умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, сехи таълимӣ — истеҳсолии коркарди чӯбу металл ва сангҳои ороишӣ, боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, базаи моҳипарварӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахши таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзӣ марҳила ба марҳила мавриди амал қарор бигиранд.

Дар айни замон бахши боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, базаи моҳипарварӣ, инчунин сехи мевахушккунӣ фаъолият карда истодаанд.

Муассисаи таълимию истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маърифатпарвар» соли 2018 дар собиқ бинои заводи тамоку таъсис дода шуд. Ҳоло бинои мазкур пурра навсозӣ шуда истодааст. Дар бинои таълимию истеҳсолии «Маърифатпарвар» 77 синфхона, 27 утоқи корӣ барои кормандон, 8 ҳуҷра барои меҳмонон, толори китобхона барои 400 ҷойи нишаст, осорхона, толори китобхонаи электронӣ барои 400 нафар, сехи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ бо фарогирии бештар аз 200 ҷойи корӣ аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии назди Донишкада, хобгоҳ барои 400 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён, литсей барои кӯдакони болаёқат, утоқҳо барои озмоишгоҳҳо, корхонаи коркарди меваю сабзавот, сардхона барои нигоҳдории 1,5 ҳазор тонна меваю сабзавот, гармхона, сехи коркарди чӯбу тахта, корхонаи хиштпазӣ, сехҳои кафшергарӣ ва челонгарӣ, варзишгоҳ барои бозиҳои футбол, воллейбол, баскетбол, майдончаҳо барои бозиҳои тенниси рӯйи миз, билярд, майдончаи гӯштингирӣ ва ғайра ба истифода дода мешаванд.

Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва сардхона аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди Донишкада, муассисаи «Маърифатпарвар» ва Парки технологӣ фаъолияти худро мутамарказ ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар самти беҳдошти сифати таълиму тадрис ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани донишҷӯён тадбирҳои мушаххас амалӣ мекунанд.

Фаъол кардани коргоҳи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ низ аз зумраи иқдомҳои шоистаи муассисони корхонаи «Маърифатпарвар» маҳсуб ёфта, он дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ, инчунин метавонад заминаи устувори таълимӣ-омӯзишӣ барои донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди Донишкада бошад. Бо пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ, сехи меваи хушк ва сардхона, бо иловаи ҷалби кормандони мавсимӣ дар бахши аграрии муассисаи олии таълимӣ, теъдоди кормандон ба 350-400 нафар баробар мегардад.

Толори варзишӣ барои бозиҳои футболу волейбол ва теннис дар ошёнаи чоруми бино ҷойгир карда шудааст, ки дар як вақт метавонад ҳамчун толори барҳаво ҷиҳати гузаронидани ҳамоишҳои сатҳи баланд истифода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхонаи “Маърифатпарвар” ба сифати корҳои анҷомёфта ва тасмимҳои минбаъдаи соҳибкорони маҳаллӣ баҳои баланд дода, дастур доданд, ки ба масъалаи илму ҳунаромӯзии донишҷӯён диққати бештар равона карда шавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE