ВМКБ: Конфронс таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таъмини амнияти иттилоотӣ»
18 июн дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Масъалаҳои мубрами таъмини амнияти иттилоотӣ» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва инчунин дигар мутахассисони соҳа иштирок намуда, паҳлӯҳои гуногуни таъмини амнияти иттилоотиро дар замони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Зимни конфронс зикр шуд, ки дар шароити мурракаби ҷаҳонишавӣ таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилии таъмини амнияти иттилоотӣ ташаккул ёфтааст.
Ба андешаи мутахассисон, гузариш ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва роҳандозии ҳуқумати электронӣ инчунин қадамҳои нахустин ба сўи иқтисоди рақамӣ, аҳамияти амнияти иттилоотиро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун масъалаҳои мубрам арзёбӣ менамояд.
Дар заминаи барнома ва стратегияи қабулкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти роҳандозии ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт, инчунин андешаҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати такмили минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва инфрасохтори амнияти иттилоотӣ муҳим шуморида шуд.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои ҳифзи техникии иттилоот ва таносуби таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии таъмини амнияти иттилоотӣ мавриди баррасии мутахассисон қарор гирифта, хулосаҳои илмию амалӣ пешниҳод гардид. Инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисос тавассути роҳандозии курсҳои такмили ихтисос ва таъсиси ихтисосҳои муносиб дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат бояд баррасӣ гардад.