Пойдевори дӯстӣ
Истиқрори муносибатҳои некҳамсоягии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дар тавзеҳоти мушоҳидони байналхалқӣ ҳамчун «муносибати ғайриинтизор», «гардиш», «ҷаҳиши иқтисодӣ» бисёр зикр шудааст. Рӯзеро, ки сарони давлатҳои мо ба якдигар бо суханони «бародари азиз» муроҷиат карданд, замонеро, ки мулоқоти самимӣ дар сатҳи олӣ ибтидо гирифт ва барои пурзӯр намудани ҳамкориҳои байниҳукумативу байниидоравӣ пойдевори мустаҳкам гардид, тоҷикон ва ӯзбекон бародарони ҷовидонанд! Ин ҷиҳат дар таърихи муносибатҳои тарафайни давлатҳои мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд
Замоне мерасаду кишварҳои мо хеле инкишоф меёбанд, ки дар саромади он алҳол сарони ду мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев қарор доранд. Мо он муъҷизаи иқтисодиро содир менамоем, ки замоне дар Ҷопон, Сингапур, Малайзия ва кишварҳои дигар, ки имрӯз пешрафтаву муқтадиранд, содир шудаанд. Метавон дар бораи миқёси дигаргуниҳои мусбат дар муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мисолҳои зиёд овард. Дастоварди бузургтарини кишварҳои мо ин иродаи сиёсӣ ва кӯшишҳои амалии сарони ду давлат ба шумор меравад, ки дар дилҳои миллионҳо нафар одамон ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар Тоҷикистон эҳсоси гармро бедор мекунад.
Руҳи муносибатҳои мо, кайфияти одамоне, ки дар ҳар ду ҷониби сарҳад зисту зиндагӣ мекунанду пештар, ҳамчун тобеони вазъият, солҳо имконияти дидорбинӣ бо хешовандон, дӯстон ва наздикони худро надоштанд, куллан тағйир ёфт. Барои он, ки решаи ин мушкилотро дарк намоем, дар чеҳраи мардум дидани хурсандӣ кифоя аст, ки ҳангоми кушода шудани нуқтаҳои гузаргоҳӣ ва ба роҳ мондани рафтуои нақлиётии байни кишварҳои мо медурахшид.
Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки асрҳо боз халқи тоҷик бо бародарони узбеку қирғиз ва қазоқу туркман паҳлу бо паҳлу зиста, пояи дӯстиро мустаҳкам менамоянд ва дар ғаму шодии якдигар шариканд. “Барои мо тоҷикон робитаҳои дӯстона ва мустаҳками абадӣ бо Узбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ба манфиатҳои мардуми ҳарду кишвар нигаронида шудааст”, – гуфт мавсуф.
Умуман, алоқаву муносибатҳои ҳамҷавории Тоҷикистону Узбекистон, ки бо анъанаҳои бисёрасраи дӯстию бародарии халқҳои узбеку тоҷик асос ёфтааст, дар давраи Истиқлол ба маҷрои сифатан нав ворид гардид. Тоҷикистону Ӯзбекистон дер боз бо ҳам робитаҳои устувори ҳамсоягӣ доштанд ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбарони ҳар ду кишвар –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариши нав касб намуданд. Талошу кӯшишҳои сарварони ду давлат дар ин замина шоистаи таҳсин аст.
Ба имзо расидани як қатор созишномаҳои шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ҳар ду халқи бародар мебошанд. Маҳз иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳост, ки ҳамкориҳо ва дӯстиву рафоқати мардум таҳким меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки мардуми тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Омӯзиши таърихи равобити халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша дар мадди назари таърихшиносону ҷомеашиносон қарор дошт. Олимони тоҷику ӯзбек ба муаммоҳои робитаҳои байни ҳар ду давлат таваҷҷуҳ намуда, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими робитаҳо бо ҳамсоядавлати ӯзбек буд.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”