Тошканд: Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон
Аз 15 то 18 июни 2021 дар Тошканд дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ тахминан 50 масъалаи марбут ба фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт. Ҳамоҳангсозони миллӣ ҷраёни омодагӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ (Душанбе, 16-17 сентябри 2021), Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон), Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (Душанбе, 13-14 июли 2021), вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сиғаи Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” (Душанбе, 14 июли 2021) ва дигар чорабиниҳои давраи раёсати Тоҷикистонро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хос ба муҳтавои он чорабиниҳо зоҳир намуданд.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ШҲМ СҲШ 17 июн дар Тошканд вохӯрии нахустини ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ бо намояндагони ваколатдори давлатҳои нозир (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) ва давлатҳои шарикони муколамавии СҲШ (Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка) доир гардид.
Зимни вохӯрӣ табодули афкор перомуни роҳҳои эҳтимолии зиёд намудани саҳми давлатҳои нозир ва шарикони муколамавӣ ба фаъолияти Созмон сурат гирифт. ШҲМ ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти СҲШ-ро анҷом медиҳад. Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” гузашта истодааст.