Сурайё Қосимова, примадонаи санъати тоҷик, 15 000 сомонӣ ҷарима карда шуд

Дирўз сарояндаи маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова аз ҷониби Агентии мубориза бар зидди коррупсия ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо сабаби оне, ки дар шаҳри Кўлоб зиндагӣ намекунад, аммо аз Қасри фарҳанги он моҳона мегирад, ҷарима карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, Аловуддин Абдуллоев, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар сўҳбат бо ҳафтаномаи «Пайк» гуфтааст, « Сурайё Қосимова дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии минтақа шаҳр ва вилоят ҳозир аст. Хоҳ рўзи модар бошад, хоҳ ҷашни Истиқлолият, хоҳ Наврўз ҳозир асту аз сидқи дил хизмат мекунад.»

Абдураҳим Одинаев, мудири бахши фарҳанги минтақаи Кўлоб низ дар такя ба андешаҳои Аловуддин Абдуллоев гуфт, «апаи Сурайёро дар ҳар чорабиние, ки даъват мекунем, бе ягон инҷиқӣ қабул мекунад,сари вақт меояд ва аз сидқи дил хизмати мардумро мекунад. Дар ҳоле, ки дигар ҳунармандон барои иштирок дар як чорабинӣ то 10 000 сомонӣ талаб мекунанд, апаи Сурайё бо ҳама ҳунари волояш аз ҳисоби худ меояд ва бепул хизмат мекунад. Мо аз он кас миннатдорем. Моҳонаи каме, ки дар инҷо мегирифт, маҳз барои ҳамин хизматҳояш буд.»

Назари худи ҳунармандро дарёфт карда натавонистем, зеро ба чанд занги такрории худ мо то ҳол посух нагирифтаем.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE