Дар Душанбе масъалаи дастгирии иҷтимоии гурезаҳо баррасӣ шуд
Дар Душанбе масъалаи дастгирии иҷтимоии гурезаҳо ва ба касбомузиву шуғл фаро гирифтани онҳо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, 21 июн вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо роҳбари Намояндагии идораи Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Мулугета Зевди доир гардид.
Дар мулоқоти мазкур тарафҳо доир ба татбиқи чорабиниҳои муштарак барои дастгирии иҷтимоии гурезаҳо, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ба касбомузӣ ва шуғл фаро гирифтани шахсони гуреза ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо бокортаъминсозӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии гурезаҳоро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҳамкории хуб дошта, Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ яке аз аввалин давлатҳоест, ки ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба гурезаҳо ҳамроҳ шуда, қонунгузории худро ба он мутобиқ ва ҳуқуқу манфиатҳои шахсони гурезаро эътироф ва таъмин менамояд.