Нуробод: 43 муассисаи тиббӣ ба сокинон хизмат мерасонад

Дар ноҳияи Нуробод баҳри фароҳам овардани шароити баланди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ иқдомҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, насби навтарин дастгоҳҳои тиббӣ, таъмиру таҷдиди иншоотҳои тандурустӣ ва амсоли ин, ки бо анҷом ёфтани корҳо қарор аст, мушкилии аҳолӣ дар ин самт пурра бартараф мегардад.

Абдулло Лолаев, корманди бахши тандурустии ноҳия мегӯяд, барои ҳифзи сиҳатии сокинон дар ноҳияи Нуробод имрӯзҳо 43 муассисаи тиббӣ бо фарогирии беш аз 412 рахти хоб ва 415 нафар мутахассиси соҳибихтисос хизматрасонӣ менамоянд. Натиҷаи ин аст, ки аҳолии минтақа ба дарди худ саривақт дармон ёфта, мушкилиашон то ҳадди имкон сабук гардидааст. Барои хиззматрасонии беҳтар ба сокинон масъулини соҳа тасмим гирифтанд, ки ҳуҷраҳою рахти хоби беморон, симои дохиливу берунии муассисаҳои тиббӣ ва насби дастгоҳҳои муосири соҳаро ба роҳ монанд.

Маврд ба зикр аст, ки дар доираи ин тадбир бинои таваллудхонаи ноҳия пурра азнавсозӣ гардида, дар остонаи рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бо анҷом ёфтани ин корҳо дар назар аст, ки мушкилии соҳаи тиббӣ дар ноҳия пурра бартараф гардида, сокинон аз тамоми хидматрасониҳои тиббӣ бархӯрдор мегарданд.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE