Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

Қонуни мазкур бо мақсади  фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёт, таъмини  шаффофият, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллӣ ва фаъол гардидани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ қабул шудааст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба ин дороиҳо ва маблағҳо алоқаманд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда мешаванд.

Ҳамчунон Қонун барои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд. Матни пурраи Қонун дар матбуот нашр карда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE