ТАЪИНОТИ КАДРӢ. Имрӯз Пешвои миллат дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
озод намудани Раҷабиён М.Д.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№202
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони
вилояти Хатлон озод намудани Зарифзода А.З.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ваколати судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Зарифзода Абдулхайр Зардак бинобар вафоташ қатъ карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№203
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка
озод намудани Абдуллозода Н.Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуллозода Нурулло Ҳомид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№204
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Аҳмадзода М.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Аҳмадзода Музаффар Раҷаб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№205
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарзода С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарзода Суҳроб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№206
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо
коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Саидшозода Ҷ.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№207
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини директори Агентии назорати давлатии
молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Аҳмадзода М.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Аҳмадзода Музаффар Раҷаб муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№208
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини якуми директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сафарзода С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Сафарзода Суҳроб муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№209
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини директори Агентии назорати давлатии
молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Талбакзода С.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Талбакзода Сулаймон Талбак муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№210
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
таъин намудани Гулов А.Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Гулов Ашрафҷон Шералиевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№211
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 5 июли соли 2021 №277
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи сардори Раёсати экспертизаи давлатии
ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Саъдуллозода С.Ф.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 5 июли соли 2021 №278
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Агентии
обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Дӯстзода Д.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дӯстзода Диловаршо Саидаҳмад аз вазифаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 5 июли соли 2021 №279
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Файзализода Назаралӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Файзализода Назаралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 5 июли соли 2021 №280
ш. Душанбе
Дар бораи муовини Вазири тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Амирзода А.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Амирзода Абдухолиқ Амир муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 5 июли соли 2021 №281
ш. Душанбе
Дар бораи муовини Вазири
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода Д.Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 5 июли соли 2021 №282
ш. Душанбе
Дар бораи директори Агентии
обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Қурбонзода А.Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Саидвализода Раҷабалӣ Хушбахт бо сабаби вафоташ аз вазифаи директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№АП-86
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июли соли 2021
№АП-87