КМТ: Мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” (СУРАТГУЗОРИШ)
Айни ҳол дар Муассиса давлати “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” ҷараён дорад.
дар ҳамоиш, ки бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузаронида шуд, намояндагони мақомоти расмии кишвар, сармоягузорону соҳибкорон, намояндагони ширкатҳои ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш оид ба тадбирҳои амалинамудаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ дар самти таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан оид ба беҳсозиии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ, ислоҳоти куллӣ дар ин бахшҳо ибрози назар намуд.
Зикр шуд, ки зарфи солҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар партави сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат, инчунин дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ташаккули соҳибкорӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои назаррас медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ислоҳотҳои дар соҳаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон устувор ва кишвари мо борҳо ба гирифтани ҷоизаҳои байналмилалӣ мушарраф гардид, ки бозгӯи нақши роҳбарикунанда ва барҷастаи Пешвои миллат дар самти соҳибкориу сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад.