Ғафуров: Қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат»

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  ҷамъбаст гардида,  аз ҳисоби буҷети ноҳия 33 703 сомонӣ маблағ барои қадрдонии ғолибони он  ҷудо карда шуд. Дар ин бора аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ҷамъбасти озмун  раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода иштирок намуда,  ғолибонро бо туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонид. Раиси ноҳия иброз намуд, ки «Ҳадафи асосии   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Инчунин баргузории озмун  барои дарёфти истеъдодҳои нав дар самти рушди технологияи иноватсионӣ ва раҳнамоии ҷавонон ба ихтироъкориву навоварӣ мусоидати менамояд».

Тавре ки директори Иниститути физика  ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир зикр намуд, «Илм дар ҳар давру замон мисли як муҳарике ба ҳисоб рафта, ҷомеаи инсониро ба пеш мебарад. Ҳамаи он дастовардҳои илмию техникӣ, рушди саноат ва он техникаи маишие, ки инсониятро иҳота кардааст, маҳз маҳсули тадқиқот ва натиҷаҳои илмии олимони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ мебошад.  Махсусан дар даҳсолаи охир муайян гардидааст, ки бе таҷҳизоти рақамӣ,  аз ҷумла шабакаи интернет ҳаёти инсон тасаввурнопазир аст.

Ба гуфти номбурда дар Академияии миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста бо муваффақият тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар оғози соли равон гурӯҳи корӣ ташкил гардид. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳои Низоминомаи озмуни мазкур таҳия карда шуд. Инчунин як китобе иборат аз 250 саҳифа ҳамчун тафсири бандҳои Низомнома рӯй чоп омад, ки дар он тамоми бандҳои Низомнома пурра шарҳу тафсир гардидааст.

Мавсуф таъкид  намуд, «Хело ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки Пешвои миллат роҳи кушояндаи дарҳои таълиму тарбияи наврасонро маҳз дар дасти омӯзгор ва волидайн мебинанад. Меҳнати омӯзгор ва падару модари наврасоне, ки дар озмун муваффақ мешаванд, минъбад аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳалӣ  қадр карда мешавад. Инчунин ғолибони озмуни мазкур имкониятҳои фарохе доранд, аз қабили ба муаиссисаҳои таҳсилоти олии мамлакат бидуни имтиҳон қабул гардидан».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE