CAFA-2021: Ишғоли мақоми сеюми мунтахаби духтарони наврасони Тоҷикистон

Дар шаҳри  Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занонаи наврасони то 17-сола ба анҷом расид. Дар  мусобиқа дастаи мунтахаби духтарони наврасони Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар даври ниҳоии Чемпионати CAFA-2021 дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Тоҷикистон аз  дастаи мунтахби духтаронаи наврасони то  17- солаи  Эрон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд ва дастаи мунтахаби  наврасони   Ӯзбекистон бар дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Афғонистон бо натиҷаи калони 8:0 дастболо шуд.  Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии се давр, дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Ӯзбекистон ҳафт хол ба даст овард ва ғолиби чемпионати CAFA-2021 гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Эрон шуд. Дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Тоҷикистон бо чор имтиёз дар ҷадвали мусобиқа сеюм шуд.

Қобили зикр аст, ки дар маросими ҷамъаст Котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов, Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода ва дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов ширкат намуда, ба ғолибон ҷаоизаҳоро тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки   дар даври дуюми Чемпионати CAFA-2021 дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони Тоҷикистон   бар дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17 -солаи Афғонистон бо ҳисоби 5: 2 пирӯз шуда буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE