МО БО ШУМОЕМ!!! Бахшида ба рӯзи маъюбон

Яке аз беҳтарин хислатҳои мардуми Шарқ, хоса мо – тоҷикон меҳрубониву дилсузӣ ва ғамхорӣ нисбат ба дармондагону маъюбон аст, ки аз фарҳанги азалан инсонпарваронаи миллати хайрхоҳ ва савобандеши мо маншаъ мегирад.

Бузургони гузаштаи мо дастгирию кӯмак ба ин қишри осебпазири ҷомеаро барои ҳар як инсони соҳибдил фарз медонистанд. Аз ҷумла, ҳанӯз 1000 сол муқаддам қофиласолори назми форсу тоҷик устод Рӯдакӣ инсонро ба қаноатварзию шикастанафсӣ ва дастгирии ин табақаи, ба истилоҳи имрӯза «имкониятҳояшон маҳдуд», ҳидоят карданд ва камоли мардиву футувватро аз ҳамин кирдори накӯтарини инсонӣ иборат донистанд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ,мардӣ,

Бар кӯру кар ар нуқта нагирӣ,мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ,мардӣ!

Қарзи инсонии ҳар яки мост, ки ба одамони табиатан нуқсони ҷисмониву руҳидошта ёрмандӣ кунем, зеро ҳар вуҷуди зиндае доиман тандуруст намемонад ва ҳар тани гарм рӯзе мубтало ба дарде мегардад, зеро ин қонуни табиию нонавиштаи зиндагист. Шояд дар чунин ҳолатҳо дастгири инсон ҳамонҳое мешаванд, ки худ имрӯз ниёзманд ба кӯмаки моянд. Воқеан, ҳар кори хайрро подошест ва бузургони мо бо назардошти ҳамин ҳикмат моро барҳақ ҳушдор додаанд, ки:

Касеро, ки дастат расад, даст гир,

Ки фардо ҳамон бошадат дастгир!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» (аз 17.02.2020), ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (аз 13.12.2006) ва дигар асноди меъёрӣ – ҳуқуқии байналмилалӣ таҳия гардидааст, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъмини ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян мекунад ва барои онҳо баҳри фаъолияту ҳамбастагӣ дар ҷомеа имкониятҳои баробарро фароҳам меорад. Тибқи ин санади муҳим маъюб шахсест, ки бинобар беморӣ, ҷароҳат ва нуқсонҳои ҷисмониву ақлонӣ саломатиашро ба таври доимӣ аз даст додаасту фаъолияти ҳаётии маҳдуд дорад ва ниёзманди ҳифзи иҷтимоист

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар асоси чанд принсип амалӣ мегардад, ки муҳимтаринҳояшон инсонпарварӣ, риояи ҳуқуқи инсон, кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасии хизматрасонии тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, баробарҳуқуқии маъюбон бо дигар шаҳрвандон дар самти ҳифзи саломатӣ, таҳсилот, истироҳат, сайёҳат ва интихоби озодонаи фаъолияти меҳнатӣ, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиходияҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маъюбон, манъ будани поймолкунии ҳуқуқи маъюбон ва амсоли ин, ки заминаҳои бунёдии сиёсати мазкурро ташкил медиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон муайян ва асноди меъёрӣ – ҳуқуқиву барномаҳои давлатии ҳифзи иҷтимоии маъюбонро қабул мекунад, тартиби ҷорикунии квотаро барои ба кор қабул намудани маъюбон тасдиқ менамояд ва Шӯрои ҳамоҳансозиро дар ин самт ташкил мекунад.

Сиёсати инсонпарваронаи давлату Ҳукумати мо ба он нигаронида шудааст, ки ин қишри осебпазир худро дар ҷомеа танҳову бекас ва нотавон эҳсос накунад, балки ҳамрадифи дигар шаҳрвандон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ ширкати фаъол дошта бошад ва дар ободиву шукуфоии Ватани азиз саҳмгузор бошад.

Имрӯз мо шоҳиди онем, ки маъюбон дар асоси хулосаи тиббӣ – иҷтимоӣ ба табобати ройгон ё имтиёзнок дар осоишгоҳ, бенавбат гирифтани роҳхати фароғатгоҳӣ ва сафари ройгон ба макони табобат ҳуқуқ доранд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба маъюбоне, ки бинобар саломатии нохуб аз уҳдаи кор кардан намебароянду бекоранд, барои табобат роҳхати ройгон тақдим мекунад. Ба маъюбоне, ки имконияти кор кардан доранд, дар ҷойи кор роҳхат ройгон, ё ки бо пардохти 50% – и арзиши он дода мешавад.

Давлати мардумпарвари мо барои соҳибмаълумот гардонидани ин табақаи ба кӯмакҳо ниёзманд, талошҳои ҷиддӣ ба харҷ медиҳад. Ба онҳо дар муассисаҳои томактабӣ, умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаю олии касбӣ ва баъди хатми донишгоҳҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Кӯдаконе, ки бинобар вазъи саломатиашон дар мактабҳо хонда наметавонанд, ба мактабҳои махсуси таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон – довталабони таҳсилоти олии донишгоҳӣ 150 холи имтиёзиро муқаррар кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ маъюбон дар мувофиқа бо ихтисосашон дар навбати аввал ба кор қабул карда мешаванд. Тамоми ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала ҳамеша таваҷҷуҳи зарурӣ дорад, масалан, ду нафар ҷавони имконияташон маҳдуд имрӯз дар шабакаи «Садои Душанбе» ба кор пазируфта шудаанд ва фаъолияти муваффақона доранд.

Имрӯз симои пойтахти кишварамон рӯз ба рӯз зеботар мешавад. Дар он обектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва васоити замонавии нақлиёт меафзоянд. Таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳр, хоса шаҳрдори ҷавони пойтахт муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба он равона шудааст, ки ин объектҳо ва нақлиёт бе монеа ба маъюбон дастрас бошанд. Маъюбон бо курсӣ – роҳравакҳо таъмин мегарданд, нақлиёти шаҳрӣ барои сафари қулаю бароҳати мусофирони маъюб муҷаҳҳазонида мешавад, барои истироҳат дар биноҳои истиқоматӣ, фароғатгоҳҳо, ҳаракат дар васоити нақлиёту иншооти варзишӣ, истифодаи бемонеаи нақлиёти роҳи оҳан, байнишаҳрӣ ва ҳавоӣ ва дастрасӣ ба васоити алоқа тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд. Гулгашту хиёбонҳо тарзе бунёд карда мешаванд, ки ба маъюбон ҳангоми ҳаракат бо курсиҳои маъюбӣ нороҳативу душворие эҷод накунанд.

Маъюбон дар нақлиёти шаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба ғайри таксӣ) ройгон сафар мекунанд. Хароҷоти нақлиёти мусофиркашонӣ барои онҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн мегардад. Хароҷоти нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан барояшон аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохта мешавад. Дар пардохти хизматрасонии коммуналӣ низ ба маъюбон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» як қатор имтиёзҳо муқаррар гардидаанд. Масалан, имтиёз дар пардохти хизматрасонии коммуналӣ (ғайр аз барқу гази табиӣ), телефон, шахсӣ кардани хонаи истиқоматӣ дар ҳаҷми 50%, ройгон ва бенавбат гузаронидани хатҳои алоқа, барқу газ ва оби нӯшокӣ ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд.

Имрӯз дар Ватани азизамон иттиҳодияҳои зиёди ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд фаъолият мекунанд. Аъзои ин иттиҳодияҳо ба қадри имконияту тавонашон ба касбу кори гуногун фаро гирифта шудаанд ва ҳамрадифи дигар аъзои ҷомеа дар таҳкими қудрати истеҳсолии кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Маъюбон ҳаргиз худро танҳову нотавон ва бекасу кӯй эҳсос намекунанд, балки шукрона аз даврони осудаву зиндагии шоистае доранд, ки барояшон аз баракати талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст. Пешвои дилсӯзи миллатамон дар ҳама мулоқоту вохӯриҳои хеш ҳамеша аз ҳоли дармондагону ятимон ва маъюбон хабар мегиранд ва дар рафъи мушкилоти онҳо кӯмакҳои худро дареғ  намедоранд. Воқеан ҳам, меҳрубониву ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон, ҳамеша ҳолпурсиву дилбардорӣ ва дастгирӣ кардани онҳо рисолати инсонии ҳар як инсони соҳибдилу соҳибандеша аст.

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE