Эълони нишастҳои матбуотӣ барои 12 июл

12 июл Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми  соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа соати 09:00 дар Маркази тиҷоратии «Созидание», ошёнаи 2 баргузор мешавад. Вазорати адлия соати 11:00 дар Вазорати адлия ва Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 13:30 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нишасти матбуотиро доир менамоянд. Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 15:00 дар вазорати мазкур барпо мегардад.

Ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE