Ҳунарманд Шералӣ Абулқайсов даргузашт
Дирӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов дар синни 71 – солагӣ дар беморхонаи Қарияи Боло аз олам даргузашт.
Шералӣ Абулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1973 бахши санъат ва актёрии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм карда, пас аз хатми донишгоҳ солиёни зиёд дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардааст.
Нақшҳои офаридаи Шералӣ Абулқайсов зиёд буда, ӯ маҳз тавассути онҳо дар шумори беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон қарор дошт. Мавсуф тӯли фаъолияти ҳирфаӣ дар театри Лоҳутӣ нақшҳои хотирмони зиёде офаридааст, аз ҷумла, нақшҳои мондагори профессор Пашков аз намоиши “Алломаи Адҳам”-и С.Улуғзода; Лука Лукич аз “Ревизор”-и Гогол; Азимов аз “Интихоби домод”-и Ҳ.Содиқ; Аҷузкампир аз “Найи сеҳрнок”-и Ф.Тошмуҳаммедов; Эзоп аз “Шер, рӯбоҳ ва ангур”-и Шералӣ Абулқайс; Тирессий аз спектакли “Эдип”-и Софокл; Капулетта аз “Ромео ва Ҷулйетта”-и В. Шекспир; Асад аз “Афсонаҳои мӯйсафед”-и Нурулло Абдулло; Отелло аз “Отелло”-и В.Шекспир; Дон Жуан аз “Дон Жуан”-и Молйер; Ҷомосп аз “Зардушт”-и Нур Табаров; Амир Темур аз “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров; Ковусшоҳ аз “Зуҳури Суҳроб”-и Ф. Умаров; Абдунабӣ аз “Тахти Султон Маҳмуд”-и Ш. Солеҳ; Гефистион аз намоиши “Искандар ва Спитамен”-и А. Абдураҳмонов ва амсоли инҳо, ки дар дилу дидаи тамошобин маъво гирифтаанд.