Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Забон нигаҳбони ҳувияти миллат» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ, кормандони Китобхонаи миллӣ ва дигар алоқамандони забону адабиёт иштирок намуданд. Ҳамоишро муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтиром ба забон ва ҳифзу рушди он аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа буда, дар ин замина баланд бардоштани сатҳи забондонии насли ҷавон аҳаммияти хоса дорад. Зимни баррасии масъалаҳо таъкид гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ва омили муҳими хифзи ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳифзи покизагии забон, риояи меъёрҳои адабии он ба ҳисоб меравад.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE