153 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд
Имрӯз 153 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Алмато ба Душанбе баргардонида шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 14 сентябр дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Ватан оварда шуданд.