Қарори Раиси КМИР дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид

Қарори Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиёр  Худоёрзодадар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар зер Қарори Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистондар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарҷумаи ҳоли онҳо оварда мешавад:

 

ҚАРОРИ
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ
ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бақайдгирии Латифзода Рустам Барот — номзад ба мансаби
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

 Мувофиқи моддаҳои 12 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Баротро, ки аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор   мекунад:

  1. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, ки аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, ба қайд гирифта шавад.
  2. Дар бораи номзади бақайдгирифташуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ҳафт рӯз дар нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози» ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, вазифа ва ҷойи кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавӣ, инчунин мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ дода шавад.
  3. Ба номзади бақайдгирифташуда давоми ду рӯзи баъди бақайдгирӣ шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода

ш. Душанбе, 13 сентябри соли 2020,
№ 123

 

ҚАРОРИ
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ
ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бақайдгирии Ғаффорзода А.Р. — номзад
ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқро, ки аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, ки аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, ба қайд гирифта шавад.
  2. Дар бораи номзади бақайдгирифташуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ҳафт рӯз дар нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози» ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, вазифа ва ҷойи кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавӣ, инчунин мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ дода шавад.
  3. Ба номзади бақайдгирифташуда давоми ду рӯзи баъди бақайдгирӣ шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода

ш. Душанбе, 13 сентябри соли 2020,
№ 124

 

ҚАРОРИ
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ
ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон — номзад ба мансаби
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон
ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, баррасӣ намуда,    Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:

  1. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, ба қайд гирифта шавад.
  2. Дар бораи номзади бақайдгирифташуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ҳафт рӯз дар нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози» ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, вазифа ва ҷойи кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавӣ, инчунин мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ дода шавад.
  3. Ба номзади бақайдгирифташуда давоми ду рӯзи баъди бақайдгирӣ шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода

ш. Душанбе, 13 сентябри соли 2020,
№ 125

 

ҚАРОРИ
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ
ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бақайдгирии Раҳматзода Р. — номзад ба мансаби
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти
Иқтисодии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматзода Рустамро ки аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам, ки аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, ба қайд гирифта шавад.
  2. Дар бораи номзади бақайдгирифташуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ҳафт рӯз дар нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози» ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, вазифа ва ҷойи кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавӣ, инчунин мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ дода шавад.
  3. Ба номзади бақайдгирифташуда давоми ду рӯзи баъди бақайдгирӣ шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода

ш. Душанбе, 13 сентябри соли 2020,
№ 126

 

ҚАРОРИ
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ
ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бақайдгирии Абдуллоев М.С. — номзад ба
мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби
Коммунистии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»   ҳуҷҷатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ Саноновичро, ки аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ Санонович, ки аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, ба қайд гирифта шавад.
  2. Дар бораи номзади бақайдгирифташуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ҳафт рӯз дар нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози» ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, вазифа ва ҷойи кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавӣ, инчунин мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ дода шавад.
  3. Ба номзади бақайдгирифташуда давоми ду рӯзи баъди бақайдгирӣ шаҳодатномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  . Самадзода

ш. Душанбе, 13 сентябри соли 2020,
№ 127

 

ҒАФФОРЗОДА АБДУҲАЛИМ РОЗИҚ

24 декабри соли 1951 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мебошад.

Аз соли 2004 вазифаи Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

 

РАҲМАТЗОДА РУСТАМ

24 сентябри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мебошад.

Аз соли 2019 вазифаи Раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

 

ЛАТИФЗОДА РУСТАМ БАРОТ

27 ноябри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мебошад.

Аз соли 2014 вазифаи Раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

 

АБДУЛЛОЕВ МИРОҶ  САНОНОВИЧ

15 августи соли 1948 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,даъвати шашум мебошад.

Аз соли 2019 вазифаи Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

5 октябри соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 1998 вазифаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 9 фарзанд.

Аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

АМИТ “ХОВАР”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE