Нозирӣ ва Ноб вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

12 июл мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои гуногун бо таваҷҷуҳи хос ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ва омодагии сафари Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба кишвари мо ва иштироки ӯ дар ҷаласаи Гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкории Шанхай-Афғонистон, ки дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ гардиданд

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE