Ёде аз мақомхонони тоҷик дар радиои “Садои Душанбе”

Мусиқии классикии халқи тоҷик бо номи «Шашмақом» яке аз манбаъҳои асосии давраи шӯравии фарҳанги мусиқии тоҷикӣ ва санъати мусиқӣ мебошад. «Шашмақом» дар ҳамон шакле, ки он то даври мо нигоҳ дошта шудааст, ба шаш қисмҳои асосӣ, таҳти унвонҳои «Бузрук», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» ном гирифта, дар он 252 наво ва дар охири ҳар як ҷилд матни сурудҳо оварда мешаванд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12-майи соли 2000-ум таҳти № 294, рӯзи 12-май санаи мушаххаси таҷлили ҳарсолаи Рӯзи «Шашмақом» дар Тоҷикистон муқаррар гашт. Дар миқёси байналхалқӣ бошад, бахши фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид – ЮНЕСКО 7-ноябри соли 2003-юм «Шашмақом»-ро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

Шашмақом шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ мебошад. Ба туфайли Истиқлолият ва ваҳдату ягонагии сокинони кишвар дар тамоми минтақаҳои мамлакати азизамон нисбати ин шоҳкории бузург арҷгузорӣ карда мешавад.

Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов. Аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён, ки соли 1947 дар назди Радиои РСС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши босазо гузоштааст. Ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, ва дигарон сафарбар шуданд. Дастаи мазкур баробари иҷрою тарғиби мақомҳо, инчунин дар иҷрои кулли мероси мусиқии халқи тоҷик нақши арзанда дошта, дар чандин ҷашнвораҳои мусиқии умумииттифоқӣ, сабти намунаҳои қисм ва шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо дар сафҳаҳои мусиқӣ (қарта) кори бузургеро анҷом додаст. Зимни ин тавассути ин гурӯҳ бори аввал намунаҳои баргузидаи мақоми «Наво» ва шохаҳои созию овозии мусиқии устодонаи тоҷикон сабт гардида, дастраси ҷомеа гаштанд.

Фаъолияти пурбору ҳунарии даста дар ҷараёни сабти адвории «Шашмақом», ки бештар тавассути устодон Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов бо ҷалби донандагони санъати мақом Саидхони Ҳисорӣ, Муҳиддин Мавлонов, Нериё Аминов ва дигарон сурат мегирифт, назаррас аст. Тавассути пешоҳангону сарварони дастаи мақомсароён мактаб ва сабки иҷроии Душанбе бо риояи анъаноти иҷроии сабки Бухоро, яъне услуби аслии мақомхонии тоҷикӣ ташаккул ёфт. Барои таҳким ва рушди санъати мақом ва мақомсароӣ нимаи аввали солҳои 50-ум нерӯҳои нави иҷроӣ чун Барно Исҳоқова, Фариза Саъдуллоева, Нӯъмон Тоштемиров, Абдуназар Ҳасанов, Турсун Ӯлмасов, Нисон Шоулов, Яъқуб Бободӯстов, Бозор Солиев, Ҷӯрахон Искандаров, Холиқ Саидов, Авнер Аминов, Уриэл Толмасов ва дигарон ба даста шомил шуданд.

Роҷеъ ба ин ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти мақомхонони кишвар дар барномаи навбатии “Мӯъҷизаи савту наво” рӯзноманигор Хуршед Бариев суҳбате дошт бо ҳунарманди ансамбли давлатии “Дарё” – и назди Кумитаи телевизион ва радио Саидҷон Кенҷаев, ки шумо метавонед онро имрӯз соати 17:10 ва такрорашро соати 04:10 аз мавҷи радиои “Садои Душанбе” шунавед.

Хуршед БАРИЕВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE