Ҷамъбасти озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2019-2020 баргузор шуд. Устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Зумрат Ғайбуллоева ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020 сазовори медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардид. Мавсуф дорандаи 7 нахустпатент, 1 патенти Авруосиёгӣ, 4 аризаи Авруосиёгӣ ба ихтироъ мебошад.
Инчунин Суҳбатҷон Баҳриев бо ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ — медали тиллои ба номи В.И. Блинников ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020 сарфароз гардонида шуд. Ӯ дорандаи 1 патент, 15 нахустпатент, 2 патенти Авруосиёгӣ, дастурамал барои фермерҳо ва деҳқонҳо мебошад.
Ҳамзамон се нафар докторҳои илмҳои кимиё ва тиб Зайниддин Муҳиддинов, Ғиёсиддин Мироҷов ва Неъмат Бозоров бо ҷоизаи олии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Нишони фахрии МД ММПИ» сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин се нафар ихтироъкорон- Луқмон Нуралиев, Шонаврӯз Самиҳов ва Ҷумабой Шамсидинов бо ҷоизаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи қарори Комиссияи озмун чаҳор нафар ихтироъкорон бо «Диплом»-ҳои дараҷаи аввал, дуюм, сеюм ва олӣ қадрдонӣ гардиданд. Ба довталабон-ихтироъкорони дигар дипломҳои иштирокчии озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Озмуни ҷумуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паёмҳояшон ба Парлумон дар ду сол як маротиба дар доираи таҷлили Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ-26 апрел бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Озмун маротибаи 13-ум аст, ки гузаронида шуда, соли равон 51 нафар ихтироъкорон бо пешниҳоди 117 ихтироъ барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд.