Нишастҳои матбуотии 26 июл

26 июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 08:00 дар Маркази тиҷоратии «Созидание», ошёнаи 2 баргузор мешавад. Вазорати фарҳанг нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи вазорати мазкур  баргузор менамояд. Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир мешавад. Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегузаронад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE