Сомон Маҳмадбеков ба даври 1/8-финали Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт

Паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ дар вазни то  73кг намояндагӣ мекунад, ба даври 1/8- финал роҳ ёфт. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Ин паҳлавони умедбахши  тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар даври аввал намояндаи кишвари гурезаҳо Аҳмад Аликайро дучори шикаст намуд. Дар даври 1/16-финал Сомон Маҳмадбеков ба варзишгари кишвари Гамбия Файе Нжие ғолиб омад. Акнун дар даври 1/8-финал Сомонро ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, паҳлавони  муваффақи озарӣ – Рустам Оруҷов имтиҳон мекунад. Дар ин рақобати ҳассосу мушкил ба Сомон Маҳмадбеков барору комёбӣ таманно дорем.

Хотиррасон мешавем, ки  ин  мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе оғоз шуда, қувваозмоиҳои финалӣ соати 13:00 шурӯъ мегарданд. Ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11324 нафар варзишгарон давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE