Воридоти 1,5 млн воя ваксинаи «Модерна» ҳамчун кумаки башардӯстона

Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 субҳи имрӯз, соати 03:00, ба Тоҷикистон 1,5 млн воя ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли ширкати “Модрена Инк”-и ИМА  ҳамчун кумаки башардӯстона  ворид карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими қабули вояҳои ваксинаи макзур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Дар назар аст, ки вояҳои қабулшуда ба вилоятҳо ва шаҳру оҳияҳои мамлакат тибқи нақшабандӣ дастрас гардида, пас аз интиқол маъракаи ваксинатсия оғоз шавад.

Гуфта мешавад, ки бо ин миқдор ваксина 750 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ваксина карда мешаванд. Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали ба даст овардани истиқлоли давлатии давлати мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики доимӣ шинохта шудаанд. Дар ин раванд байни ду давлат солҳои охир робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам густариш ёфта, лоиҳаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ амалӣ мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки новобаста ба мушкилиҳои пешомада, маҳз дар заминаи равобити дӯстона аз ҷониби шарикон кумакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза ва пешгирии сироят барои дастгирии системаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ равона гардиданд. Аз аввали соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар платформаҳои мавҷуда ба Ҳукумати ИМА тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе ҷиҳати кумак дар фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия муроҷиат намуда буд.

Ҳангоми вохӯрии роҳбарияти вазорату идораҳои мамлакат бо намояндагони департаментҳои мухталифи Ҳукумати ИМА масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифтааст, ки дар асоси имконияти мавҷуда 62,4 фоиз ва ё 5,8 млн аҳолии аз 18- сола болои кишварро бо ваксинатсия фаро гирад. Зеро илми муосир исбот намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинакунонӣ раванди эпидемиологии сирояти нави коронавирусро ҷилавгирӣ кардан мумкин аст. Ин роҳи боэътимод ва ягонаи осон дар пешгирии паҳншавии сироят миёни аҳолӣ мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE