Завқизода аз афзоиши ММД дар нимсолаи аввал гуфт
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 39,9 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки сурати рушди воқеии он 8,7 дарсадро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 5,2 банди фоизи зиёд ва дар панҷ соли охир бесобиқа арзёбӣ мешавад.
“Рушди ММД аслан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати, 23, 4 фоиз, кишоварзӣ 8, 1 маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22, 1 фоиз, мусофиркашонӣ 19, 6 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 17, 2 фоиз, гардиши савдои дохилӣ, 17, 2 фоиз хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 13, 2 ва 42, 8 фоиз, аз ҷумла, содирот 1, 9 маротиба таъмин гардид”, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба таъкиди ӯ, новобаста аз таъсири омилҳои беруна, чораҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати кишвар шароит фароҳам овардаанд, ки рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи чашмрас таъмин карда шавад. “Яке аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти иқтидори содиротии кишвар ба шумор рафта, дар ин замина, “Барономаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардидааст, ки дар доираи он, фаъолиятҳо роҳандозӣ гардидаанд.
Ба гуфтаи Завқӣ Завқикзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, содироту воридот бо ҳам алоқаи зич дошта, дар баробари афзудани иқтидори содироти боло бурдани ҳаҷми воридот низ амри зарурӣ буда, дар шароити кунунӣ бе ворид накардани таҷҳизоти пешрафта наметавон маҳсулоти хоми кишварро коркард ва пешниҳоди бозори беруна намуд.
Тоҷиддин САТТОРЗОДА,
“Садои Душанбе”