Иштироки Зокирзода дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Эрон

Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Имом Ҳумайнӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳамроҳони ӯро Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Зимни суҳбат бо Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки “ҳадафи сафари ҳайати мо рушди бештари робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, табодули таҷрибаи парлумонӣ, маҷмӯи равобити дӯстона ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд мебошад”.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE