Амалиёти ҷустуҷӯии КҲФ барои интиқоли ҷасади Сергей Тютин

5 август, бино ба хабарҳои ВАО, чархболи тамғаи МИ-8 Неруҳои  марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 4 августи соли равон барои наҷоти сайёҳони Русия ба ВМКБ  парвоз карда буд, ба садама дучор шуд. Дар натиҷа як нафар халабон — Сергей Тютин ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.         

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод,  сайёҳони  рус ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва 4 августи соли равон  чархболи МИ-8 Қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо 5 сарнишин ба кумаки  онҳо равон шуда буд. Аммо наздик ба соати 12:10  чархбол аз назари радар нопадид шуда, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, дучори садама шудааст. Дар ин садама як нафар ҳалабон ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

6 августи соли равон бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар  сайёҳони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ  бо кормандони Қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор  барои интиқоли ҷасади ҳалабони ҳалокшуда Сергей Тюнин  аз баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр тадбирҳо андешида истодаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE