Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА
Ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар самтҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи рушд қарор дорад. Ин нукта 11 август зимни мулоқоти муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ зикр гардид. Дар ин бора аз Вазорати танурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ғафур Муҳсинзода ба Ҳукумати ИМА барои кумак расонидан дар мубориза бар зидди бемории коронавирус, хусусан тақдими вояҳои ваксинаи “Модерна” аз номи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас меҳмонон аз яхдонҳои махсуси вазорат, ки дар онҳо вояҳои ваксина нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намуданд. Ҳамзамон, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 меҳмонон аз Маркази саломатии №13-и пойтахт боздид намуда, бевосита рафти маъракаи ваксинатсияро мушоҳида карданд.
Тавре табибони марказ иброз намуданд, сокинон бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба марказ ташриф оварда, ваксинаи зидди бемории коронавирус мегиранд. Бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 26 июл 1,5 млн воя ваксинаи “Модерна”-и истеҳсоли ширкати “Модерна Инк”-и ИМА ҳамчун кумаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми COVAX ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон ворид гардид.