ФИФА: Мунтахаби Тоҷикистон 5 зина боло рафт

Имрӯз, 13  август Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеашро иваз карда, бо касби 1158 имтиёз ба зинаи 116-ум баромад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Миёни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Ҷопон дорад, ки бо касби 1529 хол дар зинаи 20-ум ҷой гирифтааст. Дар рейтинги КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 20-ум мавқеъ касб намудааст.

Дар рейтинги нави ФИФА Белгия бо 1822 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1798 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Фаронса бо 1762 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1822)
  2. Бразилия (1798)
  3. Фаронса (1762)
  4. Англия (1753)
  5. Италия (1745)
  6. Аргентина (1714)
  7. Испания (1642.06)
  8. Португалия (1662)
  9. Мексика (1658)
  10. Амрико (1648)

  1. Тоҷикистон (1158).

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE