Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард

12 августи соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (CҲИ) Ҳодии Сулаймонпур баргузор гардид. Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон номаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳодии Сулаймонпур, ки маъмурияташ дар вазифаи  Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ 15 августи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, супорид. Дар нома Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Ҳодии Сулаймонпурро дар вазифаи мазкур  пурсамар арзёбӣ намуда, ба ӯ дар фаъолиятҳои минбаъдааш  муваффақиятҳои беш аз пеш орзу намудааст.

Ҳодии Сулаймонпур барои тақдир аз фаъолиятҳои ӯ дар вазифаи Дабири кулли СҲИ изҳори сипос намуда, аз Сафир хоҳиш кард, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон табрикот ва таманниёти ӯро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон расонад.

Ҳамзамон Ҳодии Сулаймонпур ба Сафири Тоҷикистон Тасдиқномаи пойтахти сайёҳии СҲИ  эълон гардидани шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 – 2021-ро ҷиҳати таҳвил ба шаҳрдории Душанбе супорида, ба ин шаҳри зебову дилоро  сарсабзиву шукуфоии рӯзафзунро орзу намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE