Ҷаласаи ситоди вилояти Суғд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19
Риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳатмӣ буда, сокинон бояд қоидаҳои беҳдоштиро пурра иҷро намоянд. Ин нукта зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилояти Суғд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 зикр гардид.
Тавре аз АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону масъулони раёсати тандурустии вилоят, сардухтурони марказҳои саломатии маркази вилоят доир гардид.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки барои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятӣ тамоми имкониятҳо истифода шуда, корҳои безараргардонӣ мунтазам тақвият дода мешаванд.
Ҳамзамон дар назди масъулин барои ҷоннок намудани омодагиҳо ба давраи зимистон, захираи маводи доруворӣ, ба роҳ мондани гардиши «хона ба хона»-и табибону зери назорат қарор додани беморон ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии сирояти беморӣ дастуру супоришҳо дода шуд.