Туҳфаи Пешвои миллат хазинаи китобхонаҳои донишгоҳҳои вилояти Суғдро ғанӣ гардонид
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаҳои вилояти Суғд, аз ҷумла донишгоҳҳои маркази вилоят миқдори муайяни китобҳои тозанашр туҳфа гардиданд.
Дар баробари дигар китобхонаҳои вилоят ба хазинаи китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ ба миқдори беш аз 50 адад 10 номгӯй китобҳо ҳамчун ҳадяи Сарвари маорифпарвари давлат супорида шуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш зимни муаррифӣ аз китобҳои туҳфанамудаи Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, пуштибонии худро аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат баён намуданд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Ҳамасола баргузор гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва қадрдонии китобхонон аз таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат дар ин самт гувоҳӣ дода, ғанигардонии маҳзани китобхонаҳои донишгоҳҳои мамлакат бо китобҳои тозанашр баҳри баланд бардоштани маърифатнокии муҳассилин шаҳодати ин гуфтаҳост.