Намоиш-фурӯши китобҳои Нашриёти «Адиб» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст: ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», ҳар яке ба теъдоди 5000-нусхагӣ манзури китобдӯстон гардиданд.
Инчунин китобҳои нависанда ва рӯзноманигор Неъматулло Худойбахш бо номи «Гӯшвори тилло», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор ба намоиш гузошта шуданд.
Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «ҷолибият ва фарқи асосии ин намоиш-фурӯши китоб аз дигар чунин маъракаҳои фарҳангӣ дар ин аст, ки он дар назди Иттифоқи наисандагон баргузор гардида, толибони китоб имрӯз имкон доранд дар асарҳои харидаашон соядасти адибонро низ гиранд. Ҳамзамон онҳо бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин метавонанд доир ба китобҳои тозанашр маълумоти муфассал пайдо намоянд».
Мавсуф зикр намуд, ки иқдом ва ташаббуси навбатии Нашриёти «Адиб» дар он ифода меёбад, ки маҷмӯаи шаърҳои панҷ нафар шоирони ҷавон- Баҳром Раҳматзода бо номи «Ман аз табори дарахтам», Бузургмеҳри Баҳодур- «Соғари садо», Муҳриддин Сабурӣ- «Накҳати овешан», Толиби Луқмон- «Сарводаҳо аз ҷодаҳо» ва Бузургмеҳри Тоҷиддин — «Дили оинабанд» аз ҳисоби маблағи фонди захиравии Президент ба нашр расидаанд ва имрӯз дар баробари силсилакитобҳои «Ахтарони адаб» пешниҳоди ҳаводорони каломи бадеъ гардиданд.
Нашриёт 15 асари шоирону нависандагони шинохта, ҷавонони боистеъдод ва 12 номгӯй китобҳоро аз ҳисоби даромади дохилии муассиса, дар маҷмӯъ бо теъдоди зиёда аз 40 000 нусха интишор дода, манзури хонандагон гардонид.
Аз оғози соли равон Нашриёти «Адиб» ҳар ҳафта намоиш-фурӯши китоб баргузор менамуд. Бинобар сабаби пандемия ин намоиш чанд муддат баргузор нагардид. Инак баъди панҷ моҳи сипаригардида бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ имрӯз намоиш-фурӯши китоб доир шуд.
Хонандаи синфи 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мастура Одилова дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки «имрӯз ман аз ин намоиш-фурӯш китоби «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Мактаби кӯҳна»-и Сардриддин Айнӣ ва «Варта»-и Фазлиддин Муҳаммадиевро харидорӣ намудам».
Номбурда зикр намуд, ки имсол бори аввал аст дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи сеюм- «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқӣ» иштирок дорад, ки аллакай аз ду даври он гузашта, ба даври сеюм омодагӣ мебинад. Ӯ то ин муддат зиёда аз 200 асари бадеӣ, 200 шеъри бачагона, 77 зарбулмасал, 60 латифа ва 70 чистон хонда, аз худ намудааст. Ҳадафи иштирокашро дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ сайқал додани дониш ва ҷаҳонбинии худ меҳисобад.
Рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат дониста мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 март дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд: «Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ».
Ба гуфтаи яке аз ташаббускорони асосии намоиш-фурӯши китоб, директори нашриёти «Адиб», шоир ва публитсист Давлат Сафар, «фарди китобдӯсту китобхон ҳамеша аз атрофиён фарқ дорад. Имрӯз дар ҳар оилаи тоҷик ҳатман дар доираи муайян китобҳо вуҷуд доранд. Як бор тасаввур намоед, ки имрӯз хонаи бекитоб чӣ гуна аст. Бовар дорам, ки ҳатто тасаввури он душвор аст. Пас, ҳама пешрафту комёбиҳо барои инсон ва умуман аҳли башар аз шумораву теъдоди китобҳои хондаашон ҳосил мешавад».
Сипас дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси рӯнамоии 30 китоби тозанашр баргузор гардид, ки дар он нависандагону шоирон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин дар ин рӯз рӯнамоии нахустшумораи маҷаллаи бадеӣ-публитсистии нашриёт бо номи «Адиб» баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст дар мамлакат аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш — фурӯши китоб гузаронида мешавад. Ин иқдом барои мардуми тоҷик анъана ва воситаи хубест ҷиҳати дастрас намудани осори пурғановати адибони ватанию хориҷӣ.
Нашриёти «Адиб» тасмим дорад, ки дар пайи амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат намоиш-фурӯши китобро дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир ва тавассути он тамоми мардуми ҷумҳуриро бо китоб таъмин намояд.
АМИТ «Ховар»