Тоҷикистон ва Чин масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчӯби СҲШ-ро баррасӣ намуданд

20 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мубодилаи афкор намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE